"Хуҷанд" бо шикаст аз "Суғдиён” аз ширкат дар Ҷоми КФО-2022 маҳрум шуд

Бозиҳои Ҷоми КФО-2022 барои бошгоҳи шинохтаи шимоли Тоҷикистон, “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба тавре поён ёфтанд, ки ҳаводорони ин тим онро интизор надоштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Тими “Хуҷанд” дар бозии финали минтақаи марказии Ҷоми AFC-2022 шикаст хӯрд.
Бошгоҳи тоҷикистонӣ бо барандаи медали нуқраи Чемпионати Ӯзбекистон – “Суғдиён”-и Ҷиззах вориди сабқат шуда, онро бо ҳисоби 0:4 бохт.
Бозии дастаҳо асри 17 август дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Поёни CAFA-2022: Тоҷикистон кадом ҷойро гирифт?
Футболбозони хуҷанди натавонистанд ба дарвозаи ҳариф ягон гол ворид созанд, аммо якто ба дарвозаи худ иштибоҳан ворид сохтанд. Ин иштибоҳро Фирдавс Абдусаломов кард.

Голҳои "Суғдиён"- ро Ҷасур Ҳасанов, Шоҳрӯз Норхонов ва Ҷавоҳир Қаҳрамонов вориди дарвозаи бошгоҳи "Хуҷанд" сохтанд.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоии Ҷоми AFC-2022 "Суғдиён" рӯзи 6-уми сентябр дар майдони худ "Лиони Шарқӣ"- и Ҳонгконгро қабул мекунад.
Бино ба гуфтаи таҳлилгарон бошгоҳи "Хуҷанд" дар ин рақобат хуб набозид ва он ҳама тавонмандиҳояшро натавонист бар зидди ҳарифонаш нишон диҳад, ки мунҷар ба шикаст шуд.