ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ, ҳамчунин дар телевизиони “Тоҷикистон” ва телевизиони “Илм ва табиат” тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикстон, бо қарори роҳбари кишвар Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон аз вазифаи ишғолнамудаи худ канор монд.
"Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазифаи мудири Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” озод карда шуд, - таъйид мешавад дар матни қарори Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳамин ҳол, бо қарори кишвардори Тоҷикистон, Шарифзода Саймукарам Ислом директори Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” таъин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси иттифоқи журанлистони Тоҷикистон мебошад, дар гузшта ба ҳайси роҳбар Академияи ВАО Тоҷикистон, ва мудири телевизиони “Илм ва табиат” кор кардааст.
Ҳамзамон дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон, бо фармоиши Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон Самандар Искандарзода ба вазифаи директори шабакаи телевизиони “Тоҷикистон” таъйин гардид.
Самандар Искандарзода дар ин вазифа Раҳматулло Хайруллозодаро иваз кард, ки соли 2020 директори шабакаи аввали телевизиони кишвар таъйин шуда буд.
Самандар Искандарзода аз соли 2009 дар шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" кор намудааст. Дар Идораи барномаҳои иттилоотӣ муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон ва муовини сармуҳаррир буд.
Самандар Искандарзода то таъйин шуданаш ба вазифаи директори шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" тайи ду соли охир дар вазифаи мушовири калони Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон кор мекард.