ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон бо ду қарори навбатиаш муовинони нави вазири корҳои дохилиро таъйин кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Тибқи қарори раисҷумҳур Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Ҳамчунин бо қарори Эмомалӣ Раҳмон Насимзода Акбар Ғиёс ни ба ҳайси муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Дафтари раисҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ки бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон муовинони Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Восеъ, Сангвор, Мурғоб ва Варзоб аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъин гардиданд.
Тибқи иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Президенти кишвар аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шудаааст.
Вай таъкид кардааст, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар, ҷиноятҳои замони муосир ва мубориза бо ҳамагуна зуҳуроти террористиву экстремистӣ пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.