ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ҳадафи иддаои ғайривоқеӣ барои тахриби пули Қрим канор бурдани таваҷҷуҳ аз шикастҳо дар Донбасс ва талаби пули бештар аз Ғарб мебошад.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли Владимир Бобков, ноиби аввали раиси парлумони Қрим хабар дод.
"Чунин иддао ҳадафи равонӣ доранду аввалин ва охирин чунин изҳороти тахаюлӣ нестанд", - афзудаст ӯ.
Ӯ гуфт, Қрим таҳти назорати шадид қарор дошта, пул дар нимҷазира дар баробари он, ки устувор асту рафтуомад тариқи он таҳти назорат қарор дорад, хеле хуб муҳофизат карда мешавад.
Ахиран зарурати тахриби пули Қримро Михаил Подоляк, мушовири дафтари президенти Украина дар суҳбат бо расонаҳои ғарбӣ баён дошт. Чунин иддао қаблан низ аз сӯи мақомоти Киев садо медоданд.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл чунин иддаоро эълони қаблии амали террористӣ унвон намуд.
Қаблан сенатор аз Қрим Ола Ковитиди дар суҳбат бо РИА "Новости" гуфта буд, ки пули Қримро аз ҳаво ду полки мусаллаҳ бо С-400 ҳимоя мекунанд, ки майдони то 400-километриро таҳти контрол доранд.
Инчунин низоми ҳимояи чандқабатаи ҳавоӣ дар он ҷо мавҷуд аст, ки аз ҷумла бо "Панисир С - 1" муҷаҳҳаз аст.
"Ҳамин тариқ бидуни гузоштани из ва пинҳон шудан аз тариқи ҳаво ғайриимкон мебошад", - таъкид намуда буд сенатор.
Аз тариқи обӣ пулро на танҳо нерӯҳои Флоти Баҳри сиёҳ ҳимоят мекунад, балки низоми ҷиддии гидролокатсионӣ дорад, ки ҳар гуна диверсияро хунсо мекунад, изҳор дошт Ковитиди.