Иштироки сайёҳони ҷипсавори тоҷик дар ҷашнвораи Самарқанд

Корвони мошинҳои ҳомили сайёҳон аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия вориди Ӯзбекистон шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Самарқанд мизбони ҷашнвораи сайёҳии байналмилалӣ зери унвони "Внедорожник" бо иштироки намояндагони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай мешавад. Ин ҷашнвора бори 15-ум аст, ки баргузор мегардад.
Аллакай як корвони 30 мошини сабукрав аз Русия, Тоҷикистон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Муғулистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон вориди Самарқанд гардидаанд.
Чорабинии мазкур бо дастгирии Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон баргузор гардида, ба иттилои масъулин барномаи ҷолиб барои иштирокдорон омода карда шудааст.
Ҳамаи иштирокдорон дар пайи баргузории нишасти матбуотӣ ба сайри ёдгориҳои таърихӣ рафтаанд.
"Ҳадаф аз баргузории чунин як ҷашнвора шиносоӣ бо иқтидори ғанӣ ва гуногунии сайёҳии кишвар мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Русҳо Тоҷикистонро меписанданд: афзоиши талабот ба парвозҳои самти Душанбе
Маврид ба зикр аст, ки ҷашнвораи байналмилалии "Внедорожник" соли 2006 бо ибтикори дӯстдорони сайёҳӣ бо худравҳои ҷип броҳандозӣ гардид.
Чорабинӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои ИДМ баргузор мешавад ва соли равон навбати мизбонӣ ба Ӯзбекистон рост меояд.
Илова бар ин, бо супориши ҳукумати Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар Самарқанд барои рассомон пленэр баргузор мекунад.
Каме пештар Симпозиуми байналмилалии ҳайкалтарошии "Самарқанд – 2022" бо иштироки устодони хориҷӣ ифтитоҳ ёфт.