Путин сафири нав дар Тоҷикистонро таъйин кард: 62-сола, донандаи забони форсӣ

Раисҷумҳури Русия фармон дар бораи таъйини сафири нави ФР дар Тоҷикистонро имзо кард. Дипломати навтаъйин таҷрибаи кор дар Душанберо дошта, форсиро медонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Семён Григорев, сафири нави Русия дар Тоҷикистон таъйин гардид. Фармон дар ин бораро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имзо кардааст.
Бо фармони дигар, Игор Лякин-Фролов аз вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон озод карда шуд.
Сафири навтаъйин хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав буда, қаблан ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият кардааст.
Семён Григорев аз соли 2008 то 2018 нахустин сафири Русия дар Абхазистон баъди эътирофи ин кишвар аз ҷониби Маскав буд. Аз моҳи августи соли 2018 то ҳол мудири Департаменти равобит бо субъектҳои Федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати умури хориҷии Русия буд.
Бар асоси ҳолномааш, Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шуда, забонҳои форсӣ, пашту ва англисиро балад аст.
На танҳо роҳбар, балки устод шуд: дипломатҳои Русия дар Тоҷикистон бо Фролов хайр гуфтанд
Маврид ба зикр аст, ки тайи 9 соли охир рисолати сафири Русия дар Тоҷикистонро Игор Лякин-Фролов ба уҳда дошт.
Фролов дар анҷоми рисолати дипломатияш аз муносиботи наздики Тоҷикистону Русия тавсиф кард.
"Боиси хушнудист, ки миёни раҳбарони мо - Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон муносибати дӯстона ва эътимодбахш идома дорад, ки хусусияти шарикӣ ва ҳамкории стратегиро пурра инъикос мекунад", - гуфт дипломат.
Вай ҳамчунин афзуд, ки "тайи ин солҳо равобити Русия ва Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо - дар сиёсат, иқтисод, дифои низомӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ рушд ва таҳким ёфт".