Нукоти калидии суҳбати президенти Русия дар масоили амнияти байналмилалӣ - видео

Раисҷумҳури Русия аз масоили амнияти ҷаҳонӣ, анҷоми ҷаҳони такқутбӣ ва зарфиятҳои дунёи бисёрқутбӣ гуфт, ки дар ҳоли ташаккул мебошад
Sputnik
Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ кишвару мардумҳои бештареро водор карда истодааст, ки роҳи мустақилонаи рушдро пеш гиранд.
Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни муроҷиаташ ба иштирокдорони 10-умин конфронси Маскав дар мавзӯи амнияти байналмилалӣ баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки Ғарб ҳадафмандона низоми амният дар Аврупоро тахриб карда истодааст.
"НАТО ба Шарқ ҳаракат дорад, инфрасохтори низомияшро таҳким бахшида истодааст, аз ҷумла низомҳои дифои зиддимушакиро насб карда, иқтидорҳои зарбазании нерӯҳои ҳамлаиро бештар намуда истодааст", - изҳор дошт Путин.
Ӯ аз Украина зикр намуд, ки ИМА талош дорад, таниш дар ин кишварро тӯл диҳад.
"Ба ҳамин тавр ҳамчунин шароити низоъхезро дар Осиё, Африқо ва Амрикои лотинӣ фароҳам оварда истодаанд", - гуфт вай.
Дар мавриди амалиёти низомӣ дар Украина изҳор дошт, ки қарор дар мувофиқа бо оинномаи СММ қабул шуда, ҳадафаш дақиқу рӯшан - таъмини амнияти кишвар, шаҳрвандон ва ҳимояи сокинони Донбасс аз наслкушист.
Путин ҳамчунин аз сафари ахири раиси Палатаи намояндагони ИМА, Нэнси Пелоси ба Тайван зикр карда, таъкид намуд, ки он на танҳо сафари бемасъулиятонаи як сиёсатмадор мебошад.
"Ин қисми стратегияи ҳадафмандонаи ИМА барои барҳамзании вазъият дар минтақа ва ҷаҳон, намоиши густохонаи беҳурматӣ нисбати истиқлоли кишвар мебошад", - изҳор дошт Путин.
Раисҷумҳури Русия хулоса кард, ки низоми феълии такқутбӣ сарфи назар аз талошҳои судбарандаҳои он ногузир дучори шикаст хоҳад шуд ва ҷаҳони бисёрқутба фароҳам мегардад.