Ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон оғоз мегардад

Дар назар аст, ки аввалин шуда дар Тоҷикистон соли равон пахтакорони вилояти Хатлон ба ҷамъоварии ҳосилашон оғоз намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Аз даҳаи охири моҳи август маъракаи ҷамъоварии пахтаи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз мегардад.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон дар Тоҷикистон кишти пахта коҳиш ёфтааст. Бар асоси дурнамо дар майдони 186 ҳазор гектар кишти чигит гузаронида шудаст, ки ин нисбат ба соли гузашта ҳудуди 5 ҳазор гектар камтар аст.
Маъракаи ҷамъоварии пахта дар соли равон низ каме дертар оғоз мешавад. Соли гузашта аз нимаи август ҷамъоварии пахта дар бархе аз навоҳии ҷумҳурӣ оғоз гардида буд.
Топ – 10 маҳсулоти содиротии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон пахта аз маҳсулоти асосии кишвоварзии Тоҷикистон мебошад, ки ба хориҷи кишвар содир мегардаду то чанд соли қабл дар баробари алюминий аз маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Масъулин мегӯянд, арзиши кишти пахта дар ҷумҳурӣ соли равон ба далели боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ гаронтар афтид. Дар зимн зикр гардид, ки нархи ин маҳсулот низ дар бозори ҷаҳонӣ майли болоравӣ дорад.
Наздикшавии оғози ҷамъоварии пахта дар ҳолест, ки аксаран ғундоштани пахта дар ҷумҳурӣ дастӣ сурат мегирад, чун техника на ҳамеша дар бахши кишоварзии кишвар дастрас аст.
Бар асоси омори расмӣ, соли равон дар кишвар 36 мошини пахтачинӣ мавҷуд буда, аз он 27 адад барои ҷамъоварии пахта пурра омодаанд. Аз ин шумора 24 адад ба вилояти Суғд ва 11 адад ба вилояти Хатлон рост меояд, омадааст дар иттилоия.