ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар Осиёи Марказӣ хатари терроризм баланд боқӣ мемонад ва ин мероси ҳузури 20-солаи нерӯҳои Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО мебошад.
Ин нуктаро Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, зимни ифтитоҳи конронси Маскав дар мавзӯи амнияти байналмилалӣ дар доираи ҳамоиши "Армия-2022" баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки дар пайи хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО аз Афғонистон вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ муташанниҷ боқӣ мемонад.
"Роҳбарияти нави Афғонистон бо мушкилоти ҷиддӣ дар умури низомӣ ва иқтисодӣ дучор шуда истодааст", - изҳор дошт вазири мудофиаи Русия.
Вай мероси ҳузури 20-солаи нерӯҳои Эътилофи Атлантики Шимолиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд.
"Дар натиҷа хатари баланди терроризм дар минтақа боқӣ мемонад", - таъкид кард вазири мудофиаи Русия.
Ба гуфтаи Шойгу, масоили амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро метавон танҳо бар асоси иқдоми ҳамоҳангшудаи тамоми тарафҳо, аз ҷумла кишварҳои манфиатдору созмонҳои байналмилалӣ ҳал кард.
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои ИМА ва НАТО баъди ҳузури 20-солаашон тобистони соли 2021 қаламрави Афғонистонро тарк карданд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ толибҳо минтақаҳои кишварро ғасб намуда, нимаи моҳи августи соли гузашта шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро ғасб намуданд.