ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиони "Россия 1" гуфт, Иёлоти Муттаҳида бояд дарк кунад, ки агар Конгресс Русияро "кишвари маблағгузори терроризм" эълон кунад, он гоҳ дар бораи равобити ду кишвар метавон фаромӯш кард.
"Агар то ҳол аз ёди онҳо нарафта бошад, пас эҳтимол онҳо дарк мекунанд. Мо дар ин бора борҳо сӯҳбат карда будем ва на танҳо ба таври шифоҳӣ, шартҳоро баён кардем балки ба таври хаттӣ онро нашр кардем ва ва ҳатто ба забони англисӣ ҳам тарҷума кардем. Ҳама чиз борҳо гуфта шудааст", - таъкид кард ӯ.
Дар охири моҳи июл Сенати ИМА қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он аз вазорати хориҷаи Амрико хост, ки Русияро бино бар ҳаводиси Чеченистон, Гурҷистон, Сурия ва Украина ҳамчун кишвари "маблағгузори терроризм" эътироф кунад.
Қаблан мақомоти Киев дар ҳамин бора аз Вашингтон тақозо карда буд.
Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико, дар навбати худ гуфт, шомил шудани Маскав ба феҳристи “кишвари маблағгузори терроризм” барои ин кишвар чизеро ислоҳ нахоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, чанд ҳафта аст, ки мақомдорон дар ин бора мавриди фишор қарор доранд. Ба ин тартиб, раиси палатаи намояндагон Нэнси Пелосӣ ҳушдор дод, ки агар Департаменти давлатӣ ин рӯйхатро накунад, худи Конгресс Русияро дар ин феҳрист қарор хоҳад дод.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, Кремл паёмадҳои эҳтимолии ин иқдом барои равобити ду кишвар ниҳоят манфӣ хоҳад буд.