ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни суханрониаш дар Форуми байналмилалии "Артиш-2022" таъкид кард, ки Русия аз шарикон ва ҳамфикронаш, ки дар назди гегемон сар хам накарданд, истиқбол мекунад.
Ӯ раҳбарони чунин кишварҳоро мардони ҳақиқӣ номид.
Шарикони ҳақиқӣ
Ба гуфтаи Владимир Путин Русия дар қитъаҳои гуногун шарикон ва ҳамфикрони зиёде дорад ва аз он истиқбол мекунад, ки онҳо дар назди гегемон (Амрико) сар хам накарданд ва роҳи соҳибихтиёрии рушдро интихоб намуданд.
"Мо аз ин истиқбол мекунем, ки кишвари мо дар қитъаҳои мухталиф иттифоқчиён, шарикон, ҳамфикрони зиёде дорад. Инҳо давлатҳое ҳастанд, ки дар назди ба истилоҳ гегемон сар хам накарданд. Сарварони онҳо хислати ҳақиқии мардонагиро нишон доданд", - афзуд ӯ.
Вай тавзеҳ дод, ки ин давлатҳо роҳи соҳибихтиёру рушди мустақилро интихоб карданд, онҳо мехоҳанд, масоили амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавиро ба таври дастаҷамъона дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ, масъулияти мутақобила ва дар назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар ҳал кунанд.
"Ҳамин тавр (онҳо мехоҳанд) дар дифоъ аз ҷаҳони бисёрқутбӣ саҳм гузоранд", - афзуд президент.
Дар ҳамин ҳол, кишвардори Русия гуфт, ки кишвараш омодааст ба муоссиртарин аслиҳаро дар ихтиёри ҳампаймонҳояш гузорад.
Шарикони Русия соҳиби аслиҳаи муоссир хоҳанд шуд
Раисҷумҳурои Русия мегӯяд, аксари намунаҳои аслиҳаи кишвараш дар хориҷ беназиранд ва Русия омодааст, ба ҳампаймонҳояш навтарин аслиҳаро пешниҳод кунад.
Владимир Путин, гуфт Русия равобити қавӣ бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Осиё ва Африқоро қадр мекунад ва омода аст ҳамфикрон ва шариконашро бо навъҳои муосиртарини силоҳ таъмин намояд.
"Русия муносибатҳои таърихии қавӣ, дӯстона ва воқеан боэътимодашро бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Осиё ва Африқо қадр мекунад ва омода аст, ки онҳоро бо ҷадидтарин аслиҳа таъмин намояд", - гуфт, раисиҷумҳури Русия дар намоишгоҳи "Армия 2022".
Ба гуфтаи Путин Русия метавонад ба шариконаш аз яроқу аслиҳаи сабук, то мошинҳои зиреҳпӯш, аслиҳаи тупхонаӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва паҳподҳо пешниход кунад.
Аслиҳаи содироти алакай дар ҷангҳои воқеӣ санҷида шудааст
Владимир Путин қайд кард, ки тақрибан ҳамаи навъҳои аслиҳаи Русия, ки барои содирот пешниҳод шудаанд, борҳо дар амалиёти воқеии ҷангӣ истифода шудаанд.
"Дар тамоми ҷаҳон аслиҳаи русӣ миёни мутахассисони низомӣ боэътимод ва сифатнок дониста мешавад. Тақрибан ҳамаи онҳо борҳо дар амалиёти воқеии ҷангӣ истифода шудаанд”, - гуфт Владимир Путин.
Кишвардори Русия афзуд, ки бисёре аз намунаҳои аслиҳаи русӣ аз рақибони хориҷии худ даҳсолаҳо пеш гузаштаанд ва аз лиҳози хусусиятҳои тактикӣ ва фаннӣ хеле бартарӣ доранд.
Ӯ гуфт, намунаҳо ва системаҳои ояндадор ба ояндаи қувваҳои мусаллаҳро таъсир мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии бузурги имсола аз 13 то 27 август дар 12 давлат баргузор мешавад. Дар байни онҳо Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Ӯзбекистон ҳастанд.
Бори аввал яке аз мусобиқаҳои бозӣ дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор мешавад - "Снайперский рубеж" ба Венесуэла бовар карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Бозиҳо якбора ташкили 36 мусобиқаи байналмилалӣ дар назар аст. Дастаҳои Нигерия ва Руанда бори аввал дар АРМИ 2022 ширкат мекунанд.