ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Манобеъ дар Панҷшер мегӯянд, ки дар 24 соъати ахир бахшҳое аз вулусволиҳои Дарра, Обшор, Руха ва Парёни ин вилоят гувоҳи даргирӣ миён Ҷабҳаи муқовимат ва неруҳои толибон будаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи ин манбаъ, даргирӣ ҳануз ҳам ҷараён дорад.
Манобеи маҳаллӣ ҳамзамон муддаи ҳастанд, ки дар ин даргириҳо Ҷабҳаи мақовимат дар вулусволии Дарра пешравӣ доштааст.
Ба иддаои манобеъ неруҳои Ҷабҳаи муқовимат толибонро аз минтақаи Хоҷаи Абдуллоҳи Хайл ақаб рондаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ахиран нерӯҳои толибон ҳангоме, ки мехостанд аз масири дарраи Ҳисорки вулусволии Руха ба вулусволии Дарра бираванд, дар минтақаи Гулзангар дарраи Ҳисорак бо камини аъзое Ҷабҳаи муқовимат мувоҷеҳ шуданд.
Манбаъ муддаӣ шуд, ки дар ин камин ба нерӯҳои толибон талафоти ворид шудааст.
Дар канори вулусволии Дарра, манобеъ аз ҷараёни даргирӣ дар вулусволиҳои Обшору Парён низ хабар медиҳанд.
Ҳамзамон афроди Ҷабҳаи муқовимат мегӯянд, ки субҳи имрӯз нерӯҳои махсуси ин Ҷабҳа дар дарраи Фароҷ вулусволии Уноба ва бахшҳои аз вулусволии Шутули Панҷшер низ амалиёти худро алайҳи толибон оғоз кардаанд.
Манобе тасреҳ мекунанд, ки дар паии ин даргириҳо ба толибон талафот низ ворид шудааст, аммо рақами дақиқи он токунун маълум нест.
Манобеъ илова кардааст, ки шуморе аз ҷангҷӯёни толиб низ дар муҳосираи неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қарор доранд.
Манобеъ меафзоянд, ки неруҳои кумакии толибон низ ба далели баста шудан бархе роҳҳо ин вилоят ба сабаби сарозер шудани сайлобҳо ба маҳали даргириҳо рафта наметавонанд.
Толибон ва неруҳои ҷабҳаи муқовимати миллӣ то кунун ба гунаи расмӣ дар мавриди ин иддаоҳо чизе нагуфтаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҷабҳаи муқовимати милӣ хабар додааст, ки 40 толиб дар дарраи Орзӯи вилояти Панҷшер асир шуданд.
Ҳамзамон бо як солагиии ҳокимияти толибон ҷабҳаи муқовимат бо нашри тасвире аз асирон толибон гуфтааст, ки имрӯз дар як амалиёт неруҳои ин ҷабҳа дар дарраи Орзӯи вилояти Панҷшер, панҷ толиб кушта шуд ва чиҳил тани дигар аз онон асир шудаанд.