Боздошти як зани 35-сола барои ҷалби бонувон ба танфурӯшӣ дар Дубай

ВКД Тоҷикистон аз боздошти як зани 35-сола хабар дод, ки чаҳор ҷавонзани тоҷикро бо роҳи фиреб ба Дубай барои танфурӯшӣ бурдааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавонзани 35-сола сокини шаҳри Бӯстон хабар додааст, ки бо ваъдаи кор дар Дубай чаҳор ҷавонзанро гумроҳ карда, ба асорати қарзӣ гирфта баъдан ба танфурӯшӣ моил намудааст.
Тибқи иттилои ВКД, кормандони мақомоти интизомии Суғд Ғафорова Мухлиса, сокини шаҳри Бӯстонро боздошт карданд.
Таъкид шудааст, ки шахсияти се қурбонии ба доми ӯ афтодаро, ки дар орзӯи зиндагии зебо ва кори сердаромад дар хориҷ, ҷои худро дар нуктаҳои танфрӯшӣ ва хизматрасониҳои шаҳвонӣ ёфтанд муайян кардаанд.
Боздошти зане, ки тоҷикдухтаронро барои танфурӯшӣ ба Туркия мефиристод
ВКД хабар додааст занони қурбонии фурӯши одамон сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон мебошан ва синну соли онҳо аз 27 то 33 соларо ташкил медиҳад.
“Онҳо бо Мухлиса Ғафурова шиносоӣ пайдо карда бехабар аз найрангҳои ғаразноки ӯ бо умеди кори хубу сердаромад дар моҳи апрел ва июн ба шаҳри Дубай рафтанд. Шахси бонувонро ҷалб намуда медонист, ки онҳоро чӣ гуна сарнавишт интизор аст”, - қайд кардааст ВКД.
Тибқи маълумоти мақомоти интизомии Суғд ин ҷавонзанҳо, ки ба шаҳри Дубай расиданд зулму ҷабри зиёдеро аз сар гузарониданд.
“Барои пардохти қарзашон назди Мухлиса Ғафорова онҳо ба мардҳои гуногун дар хориҷ алоқаи ҷинсӣ мекарданд”,- хабар додааст ВКД.
Талоши ширкати атриёти “Jizan Perfumes LLC” барои ҷазби тоҷикон ба кор дар Дубай
Кормандони ВКД аз ин кор дарак ёфта боз як ҷавонзани дигаре, ки мехост ба Дубай биравад дар фурудгоҳ боздошт намуданд ва ӯро аз гирифтории савдои одамон наҷот доданд.
Ин дар ҳолест, ки ВКД ба тамоми духтарону ҷавонзаноне, ки орзӯи дар хориҷ кор кардандро доранд, муроҷиат кардааст, ки зудбовар набошанд ва бо умеди маблағ худро ба зулму истисмор худро гирифтор насозанд.