ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2022 мақоми севумро касб кард, хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Даста дар даври ниҳоӣ аз тими Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва пас аз панҷ бозӣ шаш имтиёз ба даст оварда, баробари Ӯзбекистон, ки аз ҳисоби пирӯзӣ дар вохӯрии шахсӣ медали нуқра гирифт.
Эрон барандаи медали тиллои мусобиқа гардид. Бо ҳашт хол мунтахаби ин киҳвар ҷои якумро ишғол мекунад.
Дар маросими пӯшидашавӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибону ҷоизадорони чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои то 19-сола ноибони президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода, Алишер Урунов, дабири кулли ФФТ Фурқат Аҳмадҷонов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ҳузур доштанд.
Бар асоси натоиҷи ин мусобиқот капитани тими миллии Эрон Муҳаммад Амин Ҳазбавӣ беҳтарин бозигар дониста шуд, унвони нишонзани беҳтарин ба нимҳимоятгари тими миллии Ӯзбекистон Шаҳриёр Ҷабборов бо се гол даст ёфт.
Ҷоизаи рамзии “Fair Play” барои бозии одилона насиби тими Афғонистон шуд.
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа аз аввал тамоми имкониятҳоро дошт, аммо пасон аз даст дод.
Пас аз ду бозии аввал мунтахаби кишвар дар ҷои аввал буд ва пас аз он аз тими Ӯзбекистон ва Эрон шикаст хӯрд.