Эълони ҳукми ду сокини Восеъ барои дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин

Моддаи 332 КҲМ, ки тибқи он, алайҳи сокинони 48-у 50-солаи ноҳияи Восеъ протокол тартиб дода шуд, то панҷ соли маҳрум шудан аз ҳаққи ронандагиро пешбинӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Восеъ, ҳукми ду сокини маҳаллӣ, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора мекарданд, эълон намудааст.
Ин ду мард бо қарори суд ба муҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, ҳамчунин давоми панҷ соли охир аз ҳуқуқи идора кардани мошин маҳрум монданд.
Аз боздошт ва маҳкум шудани сокинони ноҳияи Восеъ, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод.
Ин ниҳод таъкид намуд, ки нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди ноҳияи Восеъ, ду сокини маҳаллиро дар ҳоле боздошт карданд, ки ҳар дуи онҳо дар ҳолати мастӣ мошин меронданд.
Маст буд: садамаи маргбор дар Петербург ба айби ронандаи тоҷик
Зимнан, нисбаташон тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳо тартиб дода шуд.
Ҳамакнун, онҳо пас аз адои ҷазои маъмурӣ ба муҳлати панҷ соли охир ҳуқуқи идора кардани мошинро надоранд.
Қонунгузории Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз 5 то 10 сол пешбинӣ мекунад.