ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тоҷикистон ба марҳилаи чоруми эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 омода мешавад.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон маълум шуд, тасмим дар бораи эмкунӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар аллакай қабул шудааст.
Дар ҳамин ҳол, то кунун дар бораи санаи дақиқи оғози эмгузаронии аҳолӣ хабар дода нашудааст.
Ҳамин тавр, тайи ду моҳи охир дар кишварҳои ҳамсоя афзоиши шумораи гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Дар Тоҷикистон ягон мавриди ин беморӣ расман сабт нашудааст, аммо тадобири назорат дар марз пурзӯр шудааст.
Ҳамаи онҳое, ки ба кишвар ворид мешаванд, аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Ёдовар мешавем, ки вояи аввали воксин аз коронавирусро дар Тоҷикистон 98,8 дарсади аҳолӣ гирифта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан маълум шуда буд, олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ тавонистанд як доруеро ихтироъ кунанд, ки бояд дар мубориза бо коронавирус кӯмак кунад.
Маълумоти муфассал дар бораи доруи ихтироъшуда пас аз гирифтани патент дода мешавад.
Ҳоло фақат маълум аст, ки дору дар асоси гиёҳҳои куҳӣ, аз ҷумла аз гиёҳи ҷорубак тайёр карда мешавад.