ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Киев талош дорад, бо ҳамалот болои нерӯгоҳи атомии Запороже Чернобили дигар созад, навиштааст муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар Telegram-каналаш.
“Ба назар мерасад, ки бадхоҳон дар Киев ва ҷонибдорони ғарбии онҳо омодаи ташкили Чернобил нав ҳастанд. Ракетаҳо ва снарядҳо ба реактори нерӯгоҳи атомии Запорожье ва анбори изотопҳои радиоактивӣ наздик мешаванд",- гуфтааст Медведев.
Медведев афзуд, иддаои мақомоти Украина, ки ин ҳамлаҳоро артиши Русия анҷом додааст ва ё тасодуф будааст, дурӯғ аст.
"Ин 100% сафсата аст, ҳатто барои мардуми аблаҳи алайҳи Русия, ҳатто СММ ба ин бовар намекунад",- таъкид кардааст Сиёсатмадор.
Ӯ гуфтааст, ки аз шоми гузашта ба ин сӯ нирӯҳои украинӣ дар наздикии нерӯгоҳи атомии Запороже бо силоҳҳои ғарбӣ тирандозӣ мекунанд.
"Набояд фаромӯш кард, ки дар Иттиҳодияи Аврупо нерӯгоҳҳои ҳастаӣ вуҷуд доранд. Дар он ҷо низ садамаҳо имконпазиранд", - навиштааст ӯ.
Қаблан Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ ҳушдор дода буд, ки дар сурати берун рафтани артиши Русия аз нерӯгоҳи атомии Запороже Киев "иғвоҳои даҳшатбор" ташкил хоҳад кард.
Дипломат қайд кард, ки ҳоло низомиёни рус тамоми чораҳоро ба харҷ медиҳанд, то дар фалокат ҷилавгирӣ кунанд.