Худравҳои нисбатан арзони Эрон ба бозори Русия роҳ меёбанд

Раҳбари маркази русии “Эрониёни бурунмарзӣ” ахиран гуфтааст, ки Эрон омодааст, худравҳои сабукрави худро дар қаламрави Русия истеҳсол намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Ба бозори худравҳои Русия метавонад як бозигари нав бо номи Эрон ворид шавад, навиштааст рӯзномаи “Российская газета”.
Ба иттилои ин нашрия, раҳбари маркази русии “Эрониёни бурунмарзӣ” аз тавофуқи мавҷуда дар бораи васли худравҳо дар Русия, зери тамғаҳои эҳёшудаи “Москвич”, “Волга” ва “Победа”-и ин кишвар хабар дод.
Ба навиштаи “Российская газета”, ин тарҳ ояндадор аст, аммо як каме нозукиҳо ҳам дорад, зеро худи Эрон солҳои тӯлонӣ таҳти таҳримоти Ғарб қарор дорад.
Дар Эрон як қатор корхонаҳои худравсозӣ мавҷуданд, ки дар байни онҳо, пеш аз ҳама, “Эрон Худрав”-ро метавон қайд кард - он бо бозори Русия хуб ошноӣ дорад, ин ширкат бо номи “Саманд” мошинҳо содир мекунад.
Худравҳои зиёду роҳҳои танг - мушкили танбашавии нақлиёт дар Кӯлоб
Дар Эрон ин бренд на танҳо ба истеҳсоли худравҳои истеҳсоли ватанӣ, балки ба васлкунӣ ва истеҳсоли мошинҳои моделҳои чинии “Haima” ва “Dongfeng” ва ҳамчунин “Peugeot”-и фаронсавӣ низ машғул аст.
Аммо, ин моделҳо наву замонавӣ нестанд – худравҳое, ки Эрон тавлид мекунад моделҳои соли 2008 ва 2013 мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки ба далели таҳримҳои Ғарб бархе аз ширкатҳои мошинсозӣ кори худро қатъ карданд. Ширкатҳои боқимонда, ки дар бозори Русия кор мекунанд ба норасоӣ ва камбуди таҷҳизот барои истеҳсоли худрав рӯ ба рӯ шуданд.