ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Рустам Солӣ, сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон дар гуфтугӯ бо Иля Дарчиашвили, вазири корҳои хориҷии Гурҷистон масоили тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла алоқаи ҳавоиро баррасӣ кард, иттилоъ додааст вазорати хориҷа.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот ба таҳкиму густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Гурҷистон дар чаҳорчӯби бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсӣ, обу энергетика, фарҳангӣ, гуманитарӣ, сайёҳӣ, инчунин таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба миёни ду кишвар, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо ҳамчунин барои баргузории машваратҳои сиёсии дарпешистодаи вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи муовинони вазирон табодули афкор намуданд.
“Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ матраҳ шуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Вазорати хориҷаи кишвар ёдовар шудааст, ки 8 августи соли равон дар Тифлис мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон бо муовини Сарвазир – Вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Леван Давиташвили баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, обу энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, сайёҳӣ, инчунин таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Гурҷистон табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба мавзӯи баргузории нахустин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар масоили тиҷорату иқтисод, ки имсол дар Тифлис ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Таъкид шуд, ки ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон саҳифаи тозаи равобити тиҷоративу иқтисодии ду кишварро боз мекунад.
Дар ҷараёни ин мулоқот низ масоили тавсеаи соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ матраҳ шуд.