ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи ташкили таълими кадрҳои низомии тоҷик дар макотиби олии низомии Ӯзбекистон қарордод имзо карданд.
Дар ин бора баъд аз мулоқоти раҳбарони вазоратҳои дифои ду кишвар маълум шуд, хабар медиҳад Вазорати дифои Ӯзбекистон.
Ҳамин тариқ, вазири дифои Ӯзбекистон генерал-лейтенант Баҳодир Қурбонов ҳайати низомии Тоҷикистонро таҳти сарварии вазири дифоъ генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба ҳузур пазируфт.
Дар натиҷаи гуфтушунид шартномаи иловагӣ миёни ниҳодҳои низомии кишварҳо ба имзо расид.
Он имкони таҳсил дар муассисаҳои олии низомии Ӯзбекистонро барои ҳамаи низомиёни хоҳишманди Тоҷикистон пешбинӣ мекунад.
Зимни пазироӣ Қурбонов ба сатҳи равобити дӯстона миёни кишварҳо таъкид карда, изҳори итминон кард, ки дар оянда миқёси онҳо густариш хоҳад ёфт.
Зимнан зикр гардид, ки масъалаҳои ҳамкорӣ на танҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, балки дар соҳаи мудофиа ва амният низ таҳким ёфтаанд ва хоҳанд ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар тамрингоҳи низомии Тирмиз размоиши муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони “Иттиҳод – 2022” доир шуд.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки баргузории ин машқҳои муштараки дӯстона миёни нерӯҳои мусаллаҳ ба таҳкими равобити дӯстии кишварҳо мусоидат мекунад.