ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон" ба баҳрабардорӣ расид.
Ин коргоҳи қолинбофии дастӣ бо истифода аз нахи абрешим дар Тоҷикистон нахустин буда, дар он ҳунармандони тоҷик ва Ӯзбекистон ба бофтан ва омода намудани қолинҳо машғуланд.
Дар коргоҳи қолинбофӣ 14 нафар занону духтарон бо омезиш додани тору пуд дар қолинҳо нақш меофаранд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Ба коргоҳ 14 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва дигар намуди ҳунарҳои дастӣ аз Ӯзбекистон ворид карда шудаанд.
Барои омода намудани як қолини дастибоф мувофиқ ба ҳаҷмаш то 6 моҳ ва зиёда аз он вақт сарф мешавад.
Бино ба маълумоти оморӣ дар вилояти Суғд 283 маркази ҳунармандӣ амал мекунад.
Дар маросиим ифтитоҳи коргоҳ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда, ба маҳсули дасти бонувон баҳои баланд дода, барои рушди ҳунари қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ масъулинро вазифадор кардааст.