"Ҳамла"-и Пулиси федералии ИМА ба хонаи Трамп

Қароргоҳи Трамп дар Флорида мавриди кофтукови Пулиси федералӣ қарор гирифт, ки гумон меравад, ин амал бо ширкати эҳтимолии ӯ дар интихоботи оянда пайванд бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико эълон кард, ки манзили ӯ аз ҷониби Пулиси федеролии ин кишвар кофтуков шудааст.
Ӯ дар баёнияе гуфт, ки маъмурони Пулиси федеролӣ ғайричашмдошт ба манзили ӯ дар Маралагои аёлати Флорида ҳамла карда ва маводи сейфи шахсии ӯро мусодира кардаанд.
Намояндагони ин ниҳод соатҳои тӯлонӣ дар хонаи президенти пешин кофтукоб карданд, навиштааст Politico.
Расонаҳо менависанд, ки эҳтимоли зиёд сабаби ин асноде аст, ки сиёсатмадор аз Кохи Сафед бо худ гирифтааст.
Моҳи феврал рӯзномаи Washington Post хабар дод, ки Идораи миллии бойгонӣ ва сабтҳо (NARA) чанд қуттии ҳуҷҷатҳоро аз амволи президенти пешин, ки ӯ аз Кохи Сафед берун бурда буд, мусодира кардааст.
Трамп: Амрико наметавонад ба кишварҳои дигар дарси ахлоқ диҳад
Politico навиштааст, ки худи Трамп ҳангоми ҷустуҷӯи дар Ню Йорк будааст.
"Ҷустуҷӯ дар Флорида, ки ба гуфтаи як манбаъ, "соатҳо" тӯл кашид, бо мусодираи асноди коғазӣ анҷом ёфт", - навиштааст нашрия.
"Инҳо рафтори нодурусти додситонӣ, мусаллаҳ кардани низоми адлия ва ҳамлаи демократҳои чапгарои радикалӣ мебошанд, ки сахт намехоҳанд, ман дар интихоботи президентии соли 2024 пешбарӣ шавам",- гуфт Трамп.
Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ, Идораи миллии бойгонӣ ва сабтҳо қаблан аз амволи Мар-а-Лаго ҳадди ақалл 15 қуттии ҳуҷҷатҳои расмиро, ки президент ба ҷои ба ҳукумати федеролӣ супурдан бо худ гирифта буд, хориҷ кард.
Дар байни варақаҳо мукотиба бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун пайдо шудааст.
Ин амал дар ҳоле сурат гирифтааст, ки гуфта мешавад Доналд Трамп барои эълони номзадии худ дар интихоботи президентии соли 2024 омодагӣ мегирад.