"Фурсати кам боқӣ мондааст". Он чӣ иқтисоди Украина рӯ ба рӯ мешавад

Мақомоти Украина бонги изтироб мезананд: сӯрохи ҳармоҳаи буҷа аз панҷ то нуҳ миллиард доллар афзоиш меёбад. Ғарб қарз додан намехоҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik, Михаил Катков. Дар ин кишвар на барои маоши кормандони буҷетӣ ва на барои хароҷоти ҳарбӣ пул намерасад.

То зимистон бояд зинда монд

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, “баъзе раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо” ба интиқоли 8 миллиард доллар монеъ мешаванд. Бе он муаллимон, нафақахӯрон, гурезаҳо ва дигар категорияҳои шаҳрвандон маблағи буҷетро гирифта наметавонанд”. Ва ӯ афзуд, ки аврупоиҳо ё хато мекунанд ё ҷиноят. Дар навбати худ муовини раиси Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Игор Жовква Олмонро дар монеъ шудан аз интиқоли пул айбдор кард.
Ба гуфтаи вазири молияи Украина Сергей Марченко, ин кишвар бояд ҳар моҳ аз Ғарб ҳудуди 5 миллиард доллар дарёфт кунад, то вазъи буҷаро муътадил созад. Ва Олег Устенко, мушовири раисиҷумҳур дар умури иқтисодӣ бар ин назар аст, ки то охири соли 2022 маблағи зарурӣ ба нуҳ миллиард мерасад.
Аз моҳи феврал инҷониб ин кишвар ба маблағи 12,7 миллиард доллар ёрии хориҷӣ гирифт. Киев то охири сол умедвор аст, ки ҳудуди 15 миллиарди дигар дарёфт кунад. Украина 12,9 миллиард захира дорад, аммо бидуни пуштибонии Ғарб ин ҳамагӣ ду моҳ идома хоҳад кард. Пас аз он тамоман таназзули иқтисодӣ ба вуҷуд меояд.
Антонов: Амрико дар талоши афрӯхтани оташи ҷанг дар Украина аст
Бонки миллии Украина кӯшиш кард, ки вазъиятро бо чопи 240 миллиард гривна (6,5 миллиард доллар) ислоҳ кунад. Бархе аз маблағгузорони украинӣ тарафдори хомӯш нашудани дастгоҳи чопи пул ҳастанд, дар ҳоле ки бархе ҳушдор медиҳанд, ки бо ин роҳ мақомот афзоиши таваррумро боз ҳам метезонанд. Ба унвони алтернатива ҳукумат афзоиши андоз аз арзиши иловашуда, баргардонидани андози аксизӣ барои сӯзишворӣ ва андози низомии воридотро баррасӣ мекунад. Пешниҳоди охиринро ҳамчун лоиҳаи қонун бояд Верховная Рада баррасӣ кунад: моҳияти он дар он аст, ки барои хариди мол ва хидматҳои воридотӣ аз мубодилаи асъор даҳ фоиз андоз ҷорӣ карда шавад.
Аммо ба гуфтаи Марченко, аз аввали сол даромад аз боҷи гумрукӣ нисбат ба як сол тақрибан 50 дарсад коҳиш ёфтааст. Аммо андози иловагӣ, албатта, ба нархҳо дар мағозаҳо таъсир мерасонад. То охири соли 2022 онҳо бояд аллакай 30 фоиз ва дар соли 2023 20 дарсади дигар афзоиш ёбанд, менависад “Forbes”. Дар ҳамин ҳол қимати маводи сӯхт то 40-50 дарсад боло рафта, 100 дарсад болоравии қимати он то зимистон пешбинӣ шудааст.

Нузули даҳсола

Тибқи маълумоти Мактаби иқтисодии Киев, талафоти ғайримустақими Украина аз амалиёти ҷангӣ тақрибан 128,8 миллиард долларро ташкил додааст. Зарари бевосита 108,3 млрд гуфта мешавад. Аз ҷумла, камаш 388 корхона, 43 ҳазор воҳиди техникаи кишоварзӣ, қариб 2000 мағоза, 18 фурудгоҳ, 28 анбори нафт осеб диданд ё хароб шуданд.
Илова бар ин Украина хароҷоти дифоиро аз 250 миллион доллар ба 3,5 миллиард доллар афзоиш додааст. Дар баробари ин маблағи ҷудокардаи Ғарбро барои эҳтиёҷоти ҳарбӣ сарф кардан мумкин нест. Ба гуфтаи Марченко, аврупоиҳо инро бодиққат мушоҳида мекунанд. Киев қувваҳои мусаллаҳи Украинаро танҳо аз ҳисоби даромадҳои андоз маблағгузорӣ мекунад. Нерӯҳо дар як моҳ ба ҳудуди 130 миллиард гривна, муодили 3,5 миллиард доллар ниёз доранд, аммо дар сурати беҳтарин Украина 90 миллиард гривна (2,4 миллиард доллар) андоз ҷамъоварӣ мекунад ва дар моҳҳои аввали амалиёти вижа ин маблағ чанд бор камтар будааст.
Ғарб ҷаҳонро ба гуруснагии бидуни гандуми Украина омода мекунад
Ҳукумати Украина интизор дорад, ки то охири сол касри буҷет ба 50 миллиард доллари рекордӣ - қариб 35 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли гузашта баробар хоҳад шуд. Коршиносони ғарбӣ бар ин назаранд, ки дар соли 2022 коҳиши ММД метавонад аз 45 дарсад бештар бошад. Корхонахои калонтарини мамлакат — "Нафтогаз", "Укренерго" ва "Укравтодор" аллакай дар арафаи муфлисшавй мебошанд.
Таҳлилгарон ҳисоб кардаанд, ки Украина пас аз он ва ҳатто дар сурати дастрасӣ ба баҳри Сиёҳ барои барқарор шуданаш камаш ба даҳ сол лозим лозим дорад.

Угро ва памперс

Иқтисоддон Александр Дудчак бар ин назар аст, ки Киев то даме ки боқимондаҳои захираҳо аз ҷумҳурӣ хориҷ карда шаванд, дар ҳолати кома нигоҳ дошта мешавад. "Ва ҳангоме ки онҳо тамом мешаванд, Ғарб кумакҳои молиро лағв мекунад ва давлат аз байн хоҳад рафт. Фурсати кам боқӣ мондааст", - итминон дорад коршинос.
Бояд гуфт, ҳатто пеш аз амалиёти вижаи Русия иқтисоди Украина ниҳоят заиф шуда буд. Дар давоми чанд соли охир ҳукумати ин кишвар барои пешгирӣ кардани дефолт бисёр ҷидду ҷаҳд кард, хотиррасон мекунад иқтисодчӣ Михаил Беляев. Дар он вақт субот аз ҳисоби хароҷоти мубориза бо ҶХД ва ҶХЛ халалдор шуду хароҷот барои амалиёти низомӣ бо иштироки Русия барои Киев тоқатнопазир буд.
"Дар аввал Ғарб ба умеди пирӯзии зуд ба Украина фаъолона кӯмак кард. Пас аз шаш моҳ Киев тақрибан тамоми Донбасс, вилояти Херсон ва баъзе минтақаҳои дигарро аз даст дод ва дархостҳо зиёд шуданд", - қайд мекунад Беляев.
Аз ҷиҳати назариявӣ Иттиҳодияи Аврупо метавонад ба Украина маблағҳои бештар ҷудо кунад, агар онҳо дурнамои сармоягузориро дарк кунанд. Аммо касе гуфта наметавонад, ки ҳатто баъди як сол сарнавишти кишвар чӣ мешавад. Илова бар ин давлатҳои Аврупо ҳоло дар раванди таҷдиди сохтори иқтисодҳои худ ҳастанд, аз ин рӯ ба онҳо сармоягузорӣ кардан ба худ фоидаовартар аст.
"Аврупоиҳо ба Зеленский ҳамон қадар пул медиҳанд, то Украина то охири сол дефолт накунад. Илова бар ин онҳо кумакҳои башардӯстона: угро, консерв, памперс мефиристанд", - мегӯяд Беляев.
Ба эътиқоди иқтисоддон, Иёлоти Муттаҳида метавонад аз Киев бештар пуштибонӣ кунад, зеро Вашингтон ба идомаи низоъ манфиатдор аст ва ба заъфи Русия умед мебандад. Бо вуҷуди ин кӯмаки онҳо ба гумон аст, ки вазъиятро тағйир диҳад.
Дар ҳамин ҳол тавре Беляев қайд мекунад, агар Ғарб ногаҳон маблағгузории Украинаро қатъ кунад, пас то охири соли 2022 аз иқтисоди он чизе боқӣ нахоҳад монд.
"Кормандони давлатӣ маошашонро аз даст медиҳанд, корхонаҳои давлатӣ баста мешаванд. Ва агар Бонки миллии Украина матбааро ба кор дарорад, ин боиси болоравии таваррум мешавад", - шарҳ медиҳад коршинос.
Украина дар ҳамон вазъе қарор хоҳад гирифт, ки баъд аз ҳар ду ҷанги ҷаҳонӣ Олмон ва ИҶШС баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар он шароит қарор доштанд. Ягона тафовут дар он аст, ки Маскав ва Берлин иқтисоди худро дар замони осоишта барқарор карданд ва Киев шояд ин имтиёзро надошта бошад.