ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар мусоҳиба бо радиои умумии миллии Амрико "Ан Пи Ор" гуфтааст, ки толибон монеъи сафари вай ба кишварҳои хориҷ мешавад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Раисҷумҳури пешини Афғонистон таъкид дорад, ки чандини бор қасд доштааст дар нишастҳои бузурги байналмилалӣ иштирок кунад, вале толибон ба вай иҷоза сафар надодаанд.
Вай афзуд, толибон ба ӯ гуфтаанд, ки рӯйи беҳбуди равобит бо Амрико кор мекунанд.
“Ҳоло масоили зиёде аз ҷумла омӯзиши духтарон вуҷуд дорад, ки бояд ба он расидагӣ шавад то машруъиятро касб кунанд”, -зикр кард Карзай.
Оқои Карзай изҳор дошт, метавонад ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ собити сохт, ки Афғонистон ба кишвари дигаре табдил шудааст.
"Ин амр боис мешавад то афроде монанди ман ба ҷомеъа бигӯянд, ки мо дар масири дастрасӣ қарор дорем ва ба самту ояндаи беҳтаре ҳаракат мекунем ва шоистаи ҳимоят мебошем", - таъкид доштааст ӯ.
Радиои умумии миллии Амрико ба нақл аз оқои Карзай ҳамчунон менависад, толибон ба ӯ гуфтаанд, ки аз будани ӯ дар Кобул ифтихор мекунанд, ҳарос доранд, агар берун аз кишвар баравад дубораи барнагардаду ҳамаи чиз " ба ҳам резад".
Раисҷумҳури пешин Афғонистон меафзоед ки фақат дар Кобул аст ва "озод " мебошад.
Гуфтанист, ки Ҳомид Карзай бо ин ки дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад ва иҷозаи хурӯҷ аз Кобулро надорад, аммо ҳамвора аз амалкарди толибон дар заминаи саркӯби расонаҳо, нақзи ҳуқуқи занон ва таътилии мадориси духтарона интиқод кардааст.