ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар оянда метавонад ба яке аз кишварҳои транзитии Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Дар ин бора вазири нақлиёт Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар бахши нақлиёт 11 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 10,4 миллиард сомонӣ амалӣ шуда, панҷтои онҳо ба маблағи қариб 5 миллиард сомонӣ пурра иҷро шуда, дар ҳолати кафолат қарор доранд.
Азим Иброҳим афзуд, дар шоҳроҳи Данғара-Оқмазор, 28,6 километр, Душанбе-Қулма дар қитъаи Калъаи Хумб-Ванҷ-сарҳади маъмурии қитъаи Рӯшон, 93 километр дарозӣ бо ду нақб, кор бо суръат идома дорад.
Раҳбари ин ниҳод мегӯяд, дар шаш моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 47,1 миллион тонна бор бо ҳаҷми 4,6 миллиард тонна-километр ва қариб 407 миллион мусофир бо гардиши мол интиқол дода шудааст.
Ғайр аз ин, дар ҳамаи вилоятҳо назар ба соли қаблӣ афзоиш дар боркашонй — 18,7%, гардиши бор — 20,9%, мусофиркашонӣ— 11,1%, гардиши мусофирон— 13,1% афзудааст.
Илова бар ин, дар ин давра дар соҳаи нақлиёт 1000 ҷойи корӣ пайдо шуда, ҳиссаи соҳаи нақлиёти кишвар дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 6,8 фоизро ташкил дод.