ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Корбарони "Twitter" аз тасмими руасои ҷумҳури Русия ва Туркия дар бораи тадриҷан интиқоли пардохтҳои гоз ба пули миллӣ истиқбол карданд.
"Идомааш чист? Барҳам додани диктатураи доллар? Ин барои Аврупо ва тамоми ҷаҳон дар роҳи озод шудан аз ҳукмронии гегемонистии ИМА қадами устуворе ба пеш хоҳад шуд", — менависад шореҳ.
"Ин боиси поин рафтани қурби доллар мешавад. Қадам ба қадам",- дигаре пуштибонӣ кардааст.
"Ҳар қадар кишварҳо рублро ҳамчун асъори ҳисоббаробаркуниҳо истифода баранд, евро ва доллар ҳамон қадар заифтар эҳсос хоҳанд шуд", - гуфтааст шарҳнависи сеюм.
"Қарори бузург, хайрбод ба олами якқутбӣ", - гуфт хонандаи дигарӣ.
"Ин корро давом диҳед, ҷаноби Эрдуғон, ҳамаи кишварҳои узви НАТО дар Аврупоро ба тарафи худ кашед", - хостааст корбари дигарӣ.
Музокироти Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон ахиран дар Сочи баргузор шуд.
Аз ҷумла, раҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки интиқоли гази Русия ба Туркия қисман бо рубл пардохта шавад ва ҳамчунин масъалаи истифодаи корти "Мир" дар Туркия баррасӣ шуд.
Зимни ин мулоқот ҷонибҳо аз афзоши босуръати тиҷорат гуфта, таъкид карданд, ки он дар соли 2021 беш аз 57% ва дар моҳҳои аввали соли ҷорӣ ду баробар зиёд шудааст.
Владимир Путин ҳамчунин ба аҳамияти "Маҷрои туркӣ", ки дар авоили соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, таъкид карда гуфт, ки он яке аз шоҳроҳҳои аслии интиқоли гази Русия на танҳо ба Туркия, балки ба кишварҳои аврупоӣ аст
Президенти Русия таъкид кард, ки шарикони аврупоӣ бояд аз Туркия миннатдор бошанд.