Машқҳо то 7 август идома хоҳанд ёфт.
Рӯзи панҷшанбе дар Тайвани шарқии Чин аз тӯпхонаҳои дурзан ва эҳтимолан системаҳои мушакандози чандгунаи PHL-191 партоб кард. Ба дунболи ин, артиши Чин ба ҳадафҳои дастикам чаҳор минтақаи зарбаҳои мушакии баллистикӣ заданд.
Тибқи иттилои расонаҳои Чин, артиш эҳтимолан аз системаҳои мушакии мобилии DF-15B ("Dongfeng-15") истифода карданд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Чин ҳамчунин беш аз 13 киштии ҷангиро ҷалб карданд, ки барои бастани манотиқи обӣ ва ҷилавгирӣ аз душмани хаёлӣ тамринҳо анҷом доданд.
Вазорати дифоъ гуфт, дар ин машқҳо дастикам 68 ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоӣ ва 13 киштии баҳрии Артиши озодихоҳи Чин дар минтақаи тамрини дар наздикии Тайван дида шуданд.