ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки аз амалҳое, ки амнияти байналмилалиро халалдор мекунанд, худдорӣ кунад, хабар медиҳад хабаргузории "Авесто".
Ин ҳизб пас аз сафари раиси палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнсӣ Пелосӣ ба Тайван чунин изҳорот дод ва гуфт, ки "қатъиян зидди ин сафар" аст.
"Мо сафари ӯро ҳамчун як иғвои рӯшан дар рӯҳияи хатти таҷовузкоронаи ИМА оид ба боздоштани ҳамаҷонибаи Чин мешуморем", - омадааст дар изҳороти ин ҳизб.
Сиёсатмадорони тоҷик бар инанд, ки муносиботи миёни Чину Тайван - ин ба сиёсати доъилии Чин дахл дорад.
Ҳизби комунистии Тоҷикистон аз Вашингтон даъват кард, ки воқеияти нави геополитикиро эътироф кунад, ки дар он дигар барои гегемонияи Амрико ҷой нест.
Коммунистони Точикистон таъкид карданд, ки Чин ҳақ дорад, дар масъалаи Тайван барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии худ чораҳои заруриро бинад.
Қайд карда мешавад, ки Ҳизби комунистии Тоҷикистон мавқеи Ҳизби комунистии Чинро доимо тарафдорӣ мекунад.
"Мо бар ин боварем, ки танҳо як Чин вуҷуд дорад, ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ягона ҳукумати қонунист, ки тамоми Чинро намояндагӣ мекунад ва Тайван як қисми ҷудонашавандаи Чин аст", - гуфта мешавад дар изҳороти расмӣ.