Тоҷикистон барои бозсозии НБО “Норак” 115 миллон доллар кумак дарёфт кард

Расонаҳо аз ихтисоси кумаки молии 115-миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ин маблағ барои марҳилаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” тайи солҳои 2022 то 2030 ҳазина хоҳад шуд, иттилоъ додааст сомонаи “ТоҷВик”.
Барои марҳилаи нахусти бозсозии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ 226 миллион доллар масраф хоҳад шуд, ки 57 миллион доллари он кумаки ройгон ва 169 миллион доллари дигар воми камбаҳра мебошад.
Мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” мегӯянд, ки бо анҷоми бозсозии ду марҳалаии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ зарфияти тавлиди барқи он аз 3 ҳазор мегавати феълӣ ба 3 ҳазору 300 мегават афзоиш хоҳад ёфт.
Миллионҳо доллар қарзи барқи Афғонистон аз Тоҷикистон: кай медиҳанд?
Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” бо 9 турбина ва зарфияти тавлиди 3 миллиард киловат соат барқ дар сол, аз 50 сол қабл фаъол шудааст ва акнун ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки 20 марти соли 2019 раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии НБО “Норак” оғози расмӣ бахшида буд.
Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО “Норак” таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд