ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Мунтахаби бонувони Тоҷикистон аввалин пирӯзияшро дар доираи бозиҳои даставии Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон идома дорад, ба даст овард.
Бозии яккачини бонувони кишвар муқобили миллипӯшони Арабистони Саудӣ рӯзи 31 июл доир шуда, бо ҳисоби 4:0 бо пирӯзӣ поён ёфт.
Аммо мунтахаби мардонаи кишвар натавонист ҳарифони словакияяшро мағлуб созад. Ҳамин тариқ Тоҷикистон аз Словакия бо ҳисоби 0,5-3,5 шикаст хӯрд.
Дар ҳайати дастаи мо ба истиснои мусовии Алишер Каримов се шоҳмотбози дигари тоҷик бозиҳояшонро бохтанд.
Дар доираи ин мусобиқот ҳамакнун рақибони ояндаи мунтахаби мардонаи кишвар яккачини Белгия хоҳад буд.
Дар доираи ин мусобиқот ҳамакнун рақибони ояндаи мунтахаби мардонаи кишвар яккачини Белгия хоҳад буд.
Яккачини бонувони кишвар бошад, бо тими Барбадос вориди рақобат мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ба ҳайати мунтахаби занонаи кишвар Саодат Одинаева (капитан), Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова ва Лидия Антонова шомиланд.
Мунтахаби мардонаи кишварро Шораҳмат Ҳисориев (капитан), Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Ҷалолиддин Илҳомӣ намояндагӣ хоҳанд кард.