ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Футболбози тоҷик Ҳамадонӣ Камолов гаронарзиштарин бозигари тими Испания Паракуэллос Антамира шуд.
Барои Камолов раҳбарияти бошгоҳ 125 ҳазор евро пардохт кардааст. Қобили зикр аст, ки ҳимоятгарони испании Паракуэлос Антамира 25 ҳазор арзонтар аз ӯянд. Худи даста, ки дар дивизиони 3-юм бозӣ мекунад, 625 ҳазор евро ҳисоб шудааст.
Бозигари тими ҷавонони Тоҷикистон соли 2021 ба Испания рафта, дар ҳайати “Райо Маҷадахонда” бозӣ мекард. Аммо бинобар сабаби бештар бозӣ накардан дар ҳайати асосӣ, тасмим гирифт, ки дастаро иваз кунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлавари 19-сола дар Тоҷикистон дар дастаҳои “Локомотив-Помир” ва “Истиқлол” баромад мекард.
"Паракуэллос Антамира" ягона клуб нест, ки мехоҳад барои бозигарони тоҷик пули калон бипардозад.
Ҳамин тариқ, ҳамчунин "Юнайтед Сити"-и Филиппин Амирбек Ҷӯрабоевро ба маблағи 250 ҳазор евро ба даст овард. Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон дувумин бозигари гаронарзиш дар даста шуд. Дар ҷои аввал - Алан Робертсон аз Африқо (300 ҳазор евро) аст.
Ҳоло Ҷӯрабоев якҷо бо дастаи "Юнайтед Сити" ба чемпионати Филиппин омодагӣ мегирад. Бозингар моҳи марти соли 2022 ҳамчун агенти озод ба дастаи нав пайваст ва як сол шартнома баст.
Бахтиёр Қаландаров, баръакс, ба Тоҷикистон бармегардад. Вай шаш моҳ дар дастаи "Айзавл"-и Ҳиндустон бозӣ кардааст. Transfermarkt ин бозигарро 250 000 евро арзёбӣ кардааст.
Қаландаров аллакай дастаи нав — "Равшан"-и Кӯлобро пайдо кардааст. Қаблан ӯ дар “Хатлон”, “Истиқлол” ва ғайра бозӣ кардааст. Мавсими гузаштаро дар "Истаравшан" гузаронидааст.