Таъйини мукофотпулӣ барои зиёд шудани теъдоди олимон дар Рашт

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои бештар кардани теъдоди омӯзгорони дорои унвони илмӣ мукофотпулӣ таъйин намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Шӯрои олимони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои ҳимояи рисолаи докторӣ 25 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъйин кардааст.
Нашрияи "Садои мардум" аз қавли ректори ин муассиса, Маҳмадёр Раҷабзода овардааст, ки барои ҳимояи рисолаи номзадӣ аз ҳисоби донишкада 15 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад.
Вай таъкид намудааст, ки ин қарори Шӯрои олимони донишкада аз соли равон мавриди амал қарор гирифта, ҳадафи он ҳавасмандгардонии ҳайати омӯзгорон дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ мебошад.
Ректори нави Донишгоҳи омӯзгорӣ ба бархе аз устодон маблағи бузург ваъда кард
Таъкид шудаст, ки мукофотпулии мазкур аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса пардохт мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар оғози соҳибистиқлолии кишвар барои таъмини соҳаи маориф бо кадрҳои баландихтисос дар минтақа таъсис ёфтааст. Он замон норасоии мутахассисони соҳибтаҳсилот дар минтақа мушкили аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт, гуфт Раҷабзода.
Дар феҳрасти дастовардҳои дигари муассиса зикр гардидаст, ки донишкада ахиран ба ҳайси узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи Донишгоҳи Осиё пазируфта шуда, маҷаллаи он — "Паёми ДОТ дар ноҳияи Рашт" ба Шохиси илмии иқтибосшудаи Русия шомил гардид.