На танҳо роҳбар, балки устод шуд: дипломатҳои Русия дар Тоҷикистон бо Фролов хайр гуфтанд

Намояндагии Русия дар Тоҷикистон бо сафир дар ҷумҳурӣ хайрухуш карда, дастовардҳои ӯро дар тӯли нуҳ соли рисолати дипломатияш тавсиф намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Сафири Фавқулода ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов рисолати дипломатии худро дар Душанбе ба анҷом мерасонад.
Дар ин бора намояндагии Федератсияи Русия дар ҷумҳурӣ хабар дода, афзуд, ки дипломат дар ин вазифа 9 сол кор кардааст.
"Аз соли 2013 дар ин мақоми баланд ӯ ва ҳамсараш Елена Ахтямовна Лякина-Фролова барои рушд ва таҳкими дӯстии Русияву Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додаанд", - омадааст дар хабарнома.
Сафорат инчунин саҳми бузурги Лякин-Фроловро дар роҳандозии робитаҳои сиёсӣ, корҳои ёдбуд ва ҳарбию ватандӯстӣ ва ширкати фаъолона дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон қайд намуд.
"Барои бисёре аз мо Игор Семёнович на танҳо роҳбар, балки мураббӣ ва чуноне ки дар Тоҷикистон мегӯянд, устод шудааст", - омадааст дар паёми хайрбодӣ.
Маврид ба зикр аст, ки феълан номи сафири нави Русия дар Тоҷикистон маълум нест.
Таъкиди раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба зарурати ҳамкории бештар бо Русия
Фролов дар анҷоми рисолати дипломатияш аз муносиботи наздики Тоҷикистону Русия тавсиф кард.
"Боиси хушнудист, ки миёни раҳбарони мо - Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон муносибати дӯстона ва эътимодбахш идома дорад, ки хусусияти шарикӣ ва ҳамкории стратегиро пурра инъикос мекунад", - гуфт дипломат.
Вай ҳамчунин афзуд, ки "тайи ин солҳо равобити Русия ва Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо - дар сиёсат, иқтисод, дифоъи низомӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ - бемайлон рушд ва таҳким ёфт".