ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Боғи фарҳангию фароғатӣ дар даромадгоҳи асосии Қасри таърихии Арбоб бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Тоҷикистон бунёд шуда истодааст, хабар дод ҳукумати вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода аз майдони сохтмонии Боғи фарҳангию фароғатӣ дар назди Қасри Арбоб боздид карда, бо сохтмончиён суҳбат баргузор кард.
Тибқи лоиҳа иншоот бо дарвозаи асосӣ, нишастгоҳҳо, гулгашту фаввораҳо сохта шуда, барои нақлиёт низ ташкили таваққуфгоҳ пешбинӣ гардидааст.
Аҳмадзода баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи иншоот ошно шуда, ба сохтмончиёну мутахассисон ва рассомону ҳунармандон суҳбат карда, барои татбиқи босифати лоиҳа супориш додаст.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд таъкид намудаст, ки бунёди боғи мазкур бахшида 30-юмин солгарди баргузории яке аз рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта истодааст, ки имсол таҷлил мегардад.
Соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид.
Таъкид гардидааст, ки иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ минбаъд баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, пойдории таҳкурсии давлат, рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва байналмилалӣ заминаи муҳим ва мусоид фароҳам овард.