Қаҳвахонаи маъруфе дар вилояти Суғд оташ гирифт

Оташнишонҳо тавонистаанд тӯли як соат пурра алангаи оташро хомӯш намуда иморату иншооти атрофро аз зарарёбӣ пешгирӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Қаҳвахонаи “Азизҷон”, ки дар шоҳроҳи Хуҷанд- Ғафуров ҷойгир буд, сӯхтааст.
Оташсӯзӣ қабл аз зуҳр сар зада, бар асари сӯхтор боми он ба пуррагӣ хокистар шудааст. Ба маҳалли ҳодиса шаш мошини сӯхторнишонӣ сафарбар шудааст.
Бахтиёр Сайдуллозода, сардори Идораи сӯхторнишонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар таъйиди ин ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сӯхтор соати 11: 30 дақиқа сар зада беш аз 160 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
“Бино ба натиҷаҳои аввалия маълум шудааст, ки сӯхтор аз ҳисоби мурии сихкабобпазӣ рух дода боми биноро фаро гирифтааст. Хушбахтона ба нафарони дар дохили қаҳвахона қарордошта осеб нарасидааст”, – гуфт, Сайдуллозода.
Ӯ иброз намуд, ки баробари ворид шудани занги хатар шаш мошини сӯхторнишонӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шудааст.
Раҳимзода: Хисороти 472 сӯхтор беш аз 14 миллион сомониро ташкил дод
Оташнишонҳо тавонистаанд дар тули як соат пурра алангаи оташро хомӯш намуда иморату иншоотҳои атрофро аз зарарёбӣ пешгирӣ кардаанд.
Зимнан хисороти расида аз оташсӯзӣ таҳқиқ мешавад.
Қаҳвахонаи “Азизҷон” яке аз маъруфтарин ошхонаҳои Суғд маҳсуб мешуд. Сӯхтори он 210 умин мавриди оташсӯзӣ дар Суғд аз аввали сол гуфта мешавад.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон қаблани зимни нишасти матбуотияш гуфт, ки дар дар шаш моҳи аввали соли равон дар кишвар 472 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 ҳолат кам мебошад.
Ба иттилои манбаъ, хисорот аз ин сӯхторҳо 14 миллиону 394 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.