Афзоиши босуръати гирифторони коронавирус дар Қазоқистон: омори нав

Дар Қазоқистон ҳамарӯза ҳолатҳои гирифторӣ ба маризии коронавирус рӯ ба афзоиш буда, гирифторӣ ба ин беморӣ дар давоми 24 соати ахир ба сатҳи рекордӣ расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон аз афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз вируси COVID - 19 хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, дар 24 соати ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ боз 3107 ҳолати нави гирифторӣ ба вирус сабт гардид, дар ҳоле, ки як рӯз қабл ин рақам ба 3095 нафар баробар буд.
Аз 3107 мубталоёни ахири, бештари онҳо дар Нур-Султон, Алмаато ва вилояти Қарағанда мебошанд.
Дар маҷмӯъ, дар кишвар 1 347 467 ҳолат тасдиқ шудааст, ки аз он 1 308 626 нафар шифо ёфтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки коронавирус мёни кишварҳои минтақа бештар аз ҳама дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон паҳн мешавад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимон аломати нави коронавирусро муайян карданд
Ёдовар мешавем, ки ахиран Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки феълан ягон ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ ба бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ ҷой надорад.
Дар зимн ҳушдор дод, ки эҳтимоли вуруди коронавирус ба Тоҷикистон ҷой дорад.
"Вақте гардиши вирус асту муҳоҷирати аҳолӣ ҷой дорад, ворид шудани вирус аз эҳтимол дур нест", - афзуд Абдуллозода.
Вай таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз вуруди коронавирус, чун пештара дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолияти нуқтаҳои санитарию эпидемиологӣ идома дорад. Дар сурати ҷой доштани ҳарорати баланду набудани шаҳодатномаи ваксина ҳатман таҳлилҳо гузаронда мешаванд.