Сӯхтори пурқурбонӣ дар Маскав: аз ҳалокшудаҳо муҳоҷирони корӣ зикр мешавад

Аз ҳалокшудаҳо дар сӯхтор дар кӯчаи Алмаатои шаҳри Маскав муҳоҷирони меҳнатӣ ном бурда мешавад, ки дар бозори "Садовод"-у атрофи он кор мекардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Сӯхтори хобгоҳе дар Маскав 8 кушта ва 4 маҷруҳ барҷой гузошт, ки муҳоҷирони меҳнатӣ будаанд, хабар додаанд расонаҳо.
Ба иттилои РИА "Новости" маълумот дар бораи сӯхтор дар ошёнаи якуми хобгоҳ соати 23:47 дақиқаи шаби гузашта ба хадамоти изтирорӣ ворид шуда, аллакай соати 00:47 дақиқа хомӯш карда шудааст. Сабаби сӯхтор ба иттилои пешакӣ дастгоҳи барқӣ шудааст.
Дар зимн таъкид мешавад, ки сокинони маҳаллӣ кӯшиш кардаанд, ки ба қурбониён кумак кунанд ва панҷараҳоро шикананд, аммо натавонистаанд.
Хабаргузории ТАСС аз қавли манбааш овардааст, ки ҳамаи ҳалокшудаҳо дар як ҳуҷра хоб буда, бар асари заҳролудшавӣ аз гази сӯхтор ҷон додаанд. Истисно нест, ки ҳангоми сӯхтор онҳо хоб будаанд, афзудаст манбаъ.
Муҳоҷирон ба тибби ройгон дар Русия дастрасӣ пайдо мекунанд: тафсилот
Расонаҳо таъкид кардаанд, ки дар ин хобгоҳ асосан муҳоҷирони меҳнатӣ иқомат мекардаанд, ки дар маҷмааи тиҷоратии "Москва" ва бозори "Садовод", ки дар қарибии он қарор доранд, кор мекунанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия изҳор доштааст, ки маъмурияти хобгоҳи мазкур борҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро нақз карда буд ва чанд бор дастур барои ислоҳи камбудиҳо гирифта буданд.
Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҳанӯз маълум нест, ки миёни кушташудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё на. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, қазияро пайгирӣ дорад ва дар сурати маълум шудани иттилои бештар онро ироа хоҳад кард.