Миёни қурбониёни сӯхтори хобгоҳ дар Маскав 3 русиягӣ ва 5 муҳоҷири меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ мебошанд, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба манобеяш дар мақомоти изтирорӣ. Дар зимн манбаи ТАСС ҳамаи ҳалокшудагонро муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ гуфтаст.
Хобгоҳ дар кӯчаи Алмаато шаби 28 ба 29 июл рух дода, одамон ба далели панҷарабандӣ будани тирезаҳо натавонистаанд, мустақилона берун бароянд. Низоми огоҳӣ аз сӯхтор низ кор накардааст.
Ҳамдардияшро ба қурбониёни сӯхтор дар Маскав, шаҳрдор Сергей Собянин баён дошт.
"Мутаассифона дар сӯхтор дар кӯчаи Алмаато 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба наздикони қурбониён ҳамдардиямро баён мекунам", - навиштааст шаҳрдор.
Бар асоси иттилоияи аввалия сабаби сӯхтор фарсуда будани дастгоҳи барқӣ арзёбӣ шудаанд.
Иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодда Маскав, Андрей Румянтсев ба расонаҳо гуфтааст, ки хобгоҳи мазкур бори охир моҳи июни соли равон мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Мутахассисон 7 ҳолати қоидавайронкуниро ошкор карда, барои ислоҳ ба роҳбарияти хобгоҳ дастур дода будаанд.
Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, қазияро пайгирӣ дорад ва дар сурати шаҳрвандони ҷумҳурӣ будани ҳалокшудагон барои ба Ватан интиқол додани ҷасадҳо кумак хоҳад кард.