Истеҳсоли орд коҳиш ёфт: Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар корхонаҳои кишвар истеҳсоли орд 35% кам шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон, хостори пайдо кардани роҳҳои алтернативии воридоти гандум ба кишвар шудааст.
Ин дастурро Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат ба масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ дод, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Вай таъкид намудаст, ки барои мунтазам ворид намудани гандум аз хориҷи кишвар, инчунин дарёфти роҳҳои алтернативии воридоти он бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳамзамон, раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки бо вуҷуди он ки дар нимсолаи якуми соли 2022 рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 107,2%-ро ташкил кардааст, вале ҳанӯз ҳам имконияту захираҳои мавҷудаи кишвар дар самти мазкур пурра ва самаранок истифода намешаванд.
Раҳмон: Бо вуҷуди таъсири буҳронҳои иқтисодиву сиёсии рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид
Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмон мақомдорони кишварро вазифадор кард, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ фаъолиятро дар самти оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани се - чор ҳосил, афзоиш додани майдони кишти зироатҳои таъйиноти ғизоӣ, хусусан, дар кишти такрорӣ тақвият бахшанд.
Дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини муттасили бозори дохилӣ, содироти меваю сабзавот ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшида, дар ҳар як оила захира намудани озуқавориро барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 - 2023 ва мавсими соли оянда таъмин намоянд, афзудаст ӯ.
Роҳбари кишвар ҳамчунин хостори истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаҳои доимамалкунанда ва анбору сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот, ба роҳ мондани парвариши тухмиҳои баландсифат, бунёду барқарорсозии боғу токзор ва дастгирии ҳаматарафаи хоҷагиҳои кишоварзӣ шудаст.