ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Додситони вилояти Суғд таъйид кард, ки бо иттиҳоми қатли тамизкори идораи замин дар ноҳияи Деваштич корманди ин ниҳод боздошт шудааст.
Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд, гуфт, дар пайи амалиёту санҷишҳои оперативӣ, ки мақомоти додситонӣ, амнияти миллӣ ва умури дохилӣ гузарондаанд, ҳамчун гумонбари марги 2 зан корманди идораи замини ноҳияи Деваштич боздошт шудааст.
Ӯ афзуд, алайҳи муттаҳам, ки феълан дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, бар асоси моддаи 104 қисми 2 бандҳои А ва Г-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст.
Банди А-и моддаи зикршуда, куштори ду шахс ё бештар аз он ва банди Г - куштори марбут ба одамрабоӣ ё гаравгонгириро фаро мегиранд, ки ҷазо дар намуди ҳабс аз 15 то якумраро пешбинӣ мекунанд.
Хоҷазода таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур таҳти назорати додситони вилоят қарор дорад.
Қаблан манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Деваштич ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳодисаи куштори ду зани фаррош рӯзи 17-уми июл дар дохили идораи заминсозии ноҳия рух додааст.
Аз занони кушташуда, узви як хонавода, сокинони ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич ном бурда мешавад, ки ҷанозаи онҳо бегоҳии он рӯз ба хок супурда шудааст.