Аврупо толибонро ба расмият намешиносад. Кобулов гуфт, назари Ғарб ба дарди касе намехӯрад

Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, ки назари Ғарб дар мавриди ба расмият шинохтани толибон барои касе аҳамият надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон дар як нишаст аз хабарнигорон суол кард, ки назари ғарб ба кӣ муҳимаст?
“Мо бо онҳо (афғонҳо ва толибон) ба унвони ниҳоди ҳукуматии феълӣ суҳбат доштем. Аз ин лиҳози бале мо бо онҳо суҳбат кардем", - таъкид кард Кобулов
Оқои Кобулов гуфт, ки масъулияти феълии Ғарб ва Амрико ин аст, ки дар ҳоли ҳозир саховатмандонаи иқтисоди Афғонистонро ба вазъияти одӣ баргардонад ва дар муқобили аъмолӣ ки дар ин кишвар анҷом доданд, пардохт кунанд.
Ҳасрати Кабулов аз набудани Масъуди калонӣ ва тавсия ба писараш
Вай илова кард, ки назари Ғарб дар мавриди ба расмият шинохтани толибон ба касе аҳамият надорад.
Ёдрас менамоем, ки Муҳамад Ҷалол, яке аз чеҳраҳои расонаӣ ва аз сухангӯёни ғайрирасмии толибон дар “Твиттер” қаблан навишта буд, дар нишасти Тошканд тамомии кишварҳо, аз ҷумла Амрико истилоҳи "ҳукумати Афғонистон"-ро ба кор бурданду режими феълии Афғонистон "як ҳақиқат аст, ки ҳеҷ касе наметавонад онро нодида бигирад".
Ин ҳам дар ҳолест, ки Томас Николас, фиристодаи вижаи иттиҳодияи Аврупо дар умури Афғонистон дар посух навишт, ин гуфтаҳо бе асосанду Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти Тошканд комилан равшану сариҳ эълом кард, ки Афғонистон ҳеҷ давлат расмӣ надорад.