ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ барои рӯзноманигорон дар шаҳри Душанбе бо шаҳрдории пойтахт мувофиқа карда шудаст.
Дар ин бора Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дода, ин иқдомро барои дастгирии кормандони соҳа муҳим хонд.
Вай гуфт, шаҳрдории Душанбе бунёди биноҳои истиқоматии аз 9-ошёна поинро дар ҳудуди пойтахт мамнуъ кардааст, бинобар ин бунёди биноҳои 12-ошёнаро дар назар гирифтаанд.
Тарҳи ду бинои 12-ошиёна омода карда шудааст, ки дорои 144 хонаҳои як ва дуҳуҷраӣ мебошанд. Нуриддин Саид гуфт, дар ин робита ба шаҳрдори Душанбе мулоқот кардаасту аллакай тарҳҳо мувофиқа шудаанд.
Ӯ афзуд, рӯзҳои наздик дар куҷо сохта шудани биноҳо ҳаллу фасли худро меёбад. Нуриддин Саид гуфт, биноҳои ҷадид бо талаботи муосир ва меъмории миллӣ бунёд карда хоҳанд шуд, ки ба ҳусни шаҳри Душанбе зебоии бештарро зам хоҳанд кард
Дар мавриди он, ки киҳо соҳиби хона мешаванд, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, идораи шабакаҳои радиою телевизионҳо дастур гирифтаанд, ки феҳрасти кормандони ниёзмандашонро пешниҳод намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, гуруҳи кории махсус ташкил карда шудааст, ки намояндагони иттифоқҳои касабаро низ дар мегирад ва ҳар ҳолатро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд, ки то куҷо довталаб воқеан ниёзманд аст.