Толибон: Бахше аз қарзи барқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон пардохт шудааст

Вазорати энергетикаи Толибон иддао дорад, ки бахше аз қарзи 35-миллиондолларии воридоти барқ аз кишварҳои Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон пардохт шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Абдулатиф Мансур, вазири об ва энергетикаи Толибон ахиран гуфтааст, ки давлати пешини Афғонистон 35 миллион доллар барои воридоти барқ аз кишварҳои Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон қарздор буд, иттилоъ додааст "Парс Тудэй".
Вай афзуд, ҳукумати толибон бахши аз ин қарзро пардохта кадаанд ва ҳануз қарзи ин кишварҳо ба сурати комил пардохт нашудааст.
Вале мақомдори ҳукумати феълии Афғонистон дақиқ нагуфт, ки чӣ қадар маблағ онҳо пардохт кардаанд.
Ҳамчунин вазири энергетикаи толибон аз интегратсияи созмонҳои энергетикӣ, обу барқ хабар дод.
Вай гуфт, ба далели ихтисоси будҷети барқ ба ниҳодҳои дигар дар ҳукумати пешин бархе аз тарҳҳои умрони дар ин бахш нотамом монда аст.
Аз нерӯи барқ то сементу маҳсулоти кишоварзӣ: Тоҷикистон ба Афғонистон бештар чӣ медиҳад
Абдулатиф Мансур аз кишварҳои ҷаҳон хост то дар зерисохтҳои Афғонистон сармоягузори кунанд.
Пеш аз ин вазири об ва энергетикаи давлати толибон дар дидори Ҳасани Муртазавӣ, муъовини сафири Эрон гуфта буд, ки, пул ба андозаи кофи вуҷуд дорад ва қарзи Эрон пардохт хоҳад шуд.
Дар ин дидор муовини сафири Эрон бо баёни ин ки бориши борон дар Афғонистон афзоиш ёфт, хостори ҳамкории толибон барои таъмини ҳақобаи Эрон шуд.
Муртазавӣ дар идома бар лузуми насби се дастгоҳи обсанҷ миёни Эрон ва Афғонистон бар асоси тавофуқ дар 25-умин нишасти камиссия муштараки рудхонаи Ҳилманд таъкид карду гуфт: Толибод бояд маблағи барқи воридоти аз Эронро пардохт кунад.