Вазорати дифои Русия наворҳои амалиёти ҷангии маҷмааи тактикии дифои ҳавоии "Тор-М2У"-ро нашр кард.
Дар навор инъикос ёфтааст, ки чӣ гуна маҷмааи мазкур сарфи назар аз вақти рӯз ва дахолату монеаҳои беруна, ба ҳавопаймоҳо ва мушакҳои ҳариф зарба мезанад.
Низомиён маҷмааи зиддимушакии "Тор"-ро "чашми ҳамабин" меноманд, зеро чунин дастгоҳи ҷангӣ ҳавопаймо ва мушакҳои душманро ва дар ҳама гуна шароит "мебинад".
Дар кабинаи маҷмааи мудофиаи ҳавоӣ мониторҳо гузошта шудаанд, ки аз рӯи онҳо баъд аз ба кор андохта шудани радар, пайдоиши объектҳо ҳам рӯзона ва ҳам шабона назорат карда мешавад.
Мақомоти мудофиаи Русия мегӯянд, ба шарофати ин гуна таҷҳизот, маҷмааи мудофиаи ҳавоӣ ҳаракати қатори техникаи ҳарбиро назорат мебарад. Ҳамчунин аз ин маҷмаа барои ҳимояи қатори мошинҳо бо кумакҳои башардӯстона кор бурда мешавад.
Вазифаи асосии чунин маҷмааи ба истилоҳ "ЗРК" ин мудофиаи ҳавоӣ ва мушакӣ мебошад, ки дар ин кор "Тор" бо самаранокии баландаш фарқ мекунад.
Таъкид шудааст, ки ин таҷҳизот тавони истодагарӣ дар баробари ҳамлаҳои бошиддати ҳавоӣ, чӣ бо истифода аз ҳамопаймоҳо ва чӣ бесарнишинҳои ҷангиро дорад. Зикр гардидааст, ки дар мудофиаи ҳавоӣ "Тор" дар ҳолатҳое ҳам самаранок аст, ки агар ҷониби ҳариф онро мавриди оташ қарор диҳад ё монеаҳои радиоэлектронӣ эҷод намояд.