ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Футболбози тоҷик Манучеҳр Сафаров ба дастаи “Локомотив”-и шаҳри Тошканди Ӯзбекистон гузашт ва гаронарзиштарин легионер шуд.
Бино ба гузориши портали Transfermarkt, ки маълумот ҷамъоварӣ ва арзиши варзишгаронро ҳисоб мекунад, ҳимоятгар 225 ҳазор евро арзёбӣ шудааст, ки аз арзиши Каха Махарадзеи гурҷӣ, ки дар ҷои дуввум аст, 50 ҳазор евро бештар аст.
Дар миёни кулли даста варзишгар дар даҳгонаи беҳтарин қарор дорад, ки нуҳ бозигари боқимонда ӯзбакистонӣ буда, арзишмандтаринаш Диёрҷон Туропов мебошад, ки нархи бозораш ҳудуди 600 ҳазор евроро ташкил медиҳад.
Сафаров, ки қаблан ним сол дар тими "Персеполис"-и Эрон бозӣ мекард, дар ҳайати нав бозиро аз даври дуввум шурӯъ мекунад.
Футболбози тоҷик бо дастаи наваш то соли 2023 шартнома бастааст, аммо маблағи гузариши он эълон нашуд.
Сафаров дар тӯли фаъолияташ тавонистааст дар бошгоҳҳои "Хуҷанд", "Локомотив-Помир", "Истиқлол" бозӣ кунад.
Илова бар ин, аз соли 2019 инҷониб дар тими мунтахаби кишвар бозӣ мекунад, ки дар он 19 бозӣ анҷом додааст.
Қобили зикр аст, ки Сафарови 21-сола яке аз бозингарони умедбахши Тоҷикистон дар вазифаи ҳимоятгар маҳсуб мешавад.