Козимии Қумӣ гуфт, роҳи раҳоии Афғонистон аз буҳрон дар чист

Намояндаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон ташкили давлати фарогирро танҳо роҳи берун рафтани Афғонистон аз вазъияти кунунии ин кишвар медонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон мегӯяд, бо ба қудрат расидани толибон дар ин кишвар террористон фаъол шудаанд.
Номбурда дар ин бора зимни як сафар ба Исломобод ва дидор бо бархе мақомоти олирутбаи Покистон ин нуктаро зикр кард.
Ӯ гуфт, ки дар як соли ахир ДИИШ* дар Афғонистон аз лиҳози ҷуғрофиёӣ, сохтор ва созмони густариш ёфт, менависад радиои тоҷикии "Садои Хуросон".
Раҳмон: Толибон наметавонанд Афғонистонро идора кунанд
Мавсуф дар гуфт, дар густариши ин ҳама Амрико даст дорад, зеро он талоши он ин аст то шароитеро бавуҷуд оварад, ки Афғонистон ба самти суботу амният наравад.
Козимии Қумӣ бо баёни ин ки сиёсати Эрон дар бораи Афғонисон мутобиқ бар бар пояи нигоҳи мардуми аст ва ҳадафаш кумак ба амният, субот ва беҳбуди иқтисодии Афғонистон аст, зеро ҳукуматҳо меоянду мераванд, ин халқ аст, ки мемонад.
Ёдовар мешавем қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, вазъият дар ин кишвар тамоюли бадтар шуданро дорад ва тибқи пешгӯиҳо боз ҳам бадтар мешавад.
Ӯ қайд кард, ки роҳбарияти толибон ягон чораҳои воқеӣ барои бовар кунондани ҷаҳон ва аҳолии Афғонистон ба қонунияти ҳукумати худ, тавони назорат кардани вазъият, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисоди наандешидааст.
Вокуниши толибон ба гузориши СММ
Раҳмон таъкид кард, ки толибон бо ҳар роҳу имкон ҷилавгирӣ аз таъсиси ҳукумати фарогир бо ширкати густурдаи тамоми нерӯҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандон, бахусус занону кӯдаконро доранд.
Ҳудуди ёздаҳ моҳ аст, ки гурӯҳи толибон дубора қудратро дар Афғонистон ба идораи худ дароварданд, аммо то кунун ҳеҷ кишваре ба таври расмӣ толибон ва ҳукуматашонро ба расмият нашинохта аст.
Аммо ин гуруҳ ба гузориши расонаҳои Афғонистон бо поймол кардани тамоми қавонин ба қатлу кушторҳои беасос ва бозҷӯйиву шиканҷаҳояш идома медиҳад.
* - Созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.