ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Икромӣ Сироҷиддин, раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" сарусадоҳо дар Тоҷикистон дар бораи аз байн рафтани долларро шарҳ дод.
Ӯ зимни нишасти хабарияш гуфт, ки доллар чигунае, ки набошад дар ҷаҳон гардиш мекунад, ҳисоббаробаркуниҳо бо он сурат мегирад, аммо аз байн намеравад.
Ба гуфтаи Икромӣ таваҷҷуҳи сокинони кишвар ба доллар коҳиш ёфта, бештар ба пули миллӣ рӯ овардаанд.
"Аҳолии Тоҷикистон солҳои қаблӣ шикоят мекарданд, ки чаро ба мо доллар намефурӯшед ва ҳоло боз шикоят доранд, ки чаро доллари моро намехаред", - гуфт ӯ.
Номбурда сабаби навбатпойӣ назди банкоматҳо, камчинии сомониро ба якбора иваз кардани асъор аз сӯи сокинон рабт дод.
Яке аз сабабҳои камчинии пули сомонӣ ва зиёдшавии аҳолӣ назди банкоматҳоро Икромӣ ивази доллар ба сомонӣ аз сӯи сокинон ва дар хонаҳзояшон захира кардани он рабт дод.
"Ҳатто нафароне буданд, ки дар бонк пасандози долларӣ доштанд ва он фоиз дошт, аммо аз баҳри фоиз ҳам гузаштаву асъорро иваз карда пасандози сомонӣ гузоштанд", - гуфт ӯ.
Гуфта мешавад, ин бонк танҳо дар ним сол беш аз 2,5 миллиар сомонӣ зиёд ба муомилот баровардааст, ки боз ҳам кам аст. Ин аз он шазҳодат медиҳад, ки мардум ба сомонӣ бештар таваҷҷуҳ кардаанд.
Номбурда гуфт, аҳолӣ бояд фирефтаи ҳар овоза нашаванд, ки худ зарар мебинанд ва дар чунин ҳолат фоида насиби ҳаннотон мегардад.