ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Сабаби корношояму бепул мондани банкоматҳо дар Суғдро масъулини Бонки миллӣ дар минтақа ба якбора, дар як вақт зиёд шудани талабот гуфтанд.
Зебо Сираева, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд мушкили пулгирии сокинонро ба афзоиши якбораи талабот рабт дод.
Ӯ гуфт, дар як вақт рафтани бахши аъзами аҳолӣ барои гирифтани маоши худ ба назди банкоматҳо ба раванди мунтазами кори онҳо таъсир мерасонад.
"Оғозу анҷоми ҳар моҳ, вақти пардохти маош ба назди банкоматҳо мераванд, гузашта аз ин дар ҳамин вақт муҳоҷирон ҳам маош гирифта, ба пайвандони худ мефиристанд. Ин ҳама ҳолатҳо шиддати кори банкоматҳоро зиёд мекунад", - изҳор дошт Сираева.
Ӯ гуфт, дар чунин ҳолат ташкилотҳои қарзӣ ҳам дар таъминот бо пул дучори мушкил мешаванду дар ҳолати пуркорӣ интернети банкоматҳо ҳам суст кор мекунад.
Масъулони Бонки миллӣ гуфтанд, ки ташкилоти қарзӣ вазифадоранд, ки дар минтақаи фаъолияти худ банкомат насб кунанд.
Дар зимн намояндагони “Амонатбонк” изҳор доштанд, ки арзиши як банкомат ба 25 ҳазор доллари амрикоӣ баробар буда, гаронӣ аз омилҳои аслии камчинияш дар Суғд мебошад.
Ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд дар умум барои хидматрасонии кортҳои пардохтӣ 10, 4 ҳазор таҷҳизоти электронӣ, аз ҷумла 467 адад банкомат, 573 терминали пешниҳоди пули нақд дар хазинаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ, 1300 терминали худкору худхидматрасон ва 8100 адад таҷҳизоти пардохтӣ дар муассисаҳои савдо ва хидматрасонӣ насб карда шудаанд.