ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк”, дар нишасти матбуотӣ гуфт, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон ба 33 ширкати тоҷикистонӣ ба маблағи умумии 12,8 миллион доллар хатти қарздиҳӣ боз кардааст.
Вай гуфт, ки ин қарзҳо танҳо барои воридоти коло ва маҳсулот аз Ӯзбекистон дода мешавад.
Ба гуфтаи Икромӣ, меъёри ин қарзҳои имтиёзнок тибқи созишномаи маблағгузории тиҷорат, ки тобистони соли 2018 ба имзо расида буд, 4,5 дарсад (барои 1 сол) ва 5,5 дарсади (барои 3 сол) солона аст.
Дар маҷмӯъ, дар чаҳорчӯби тавофуқи ҳосилшуда бо бонки Ӯзбекистон қарор аст, ба воридкунандагони тоҷик ба маблағи беш аз 33 миллион доллар қарзи тиҷоратӣ ироа шавад.
Тибқи шартҳои созишнома, Амонатбонк дар ин раванд ба ҳайси кафил мебошад, яъне ба ширкатҳои тоҷикӣ замонат медиҳад, ки бо он онҳо метавонанд дар Ӯзбекистон коло бихаранд.
Ҳамин тавр, воридкунандагон- соҳибкорони тоҷик қарзро (бо сомонӣ) ба Амонатбонк мепардозанд, ки дар навбати худ маблағро ба асъори хориҷӣ табдил дода, ба бонки Ӯзбекистон бармегардонад.
Қарзҳои Ӯзбекистон ба мӯҳлати аз як то се сол дода мешаванд: агар воридкунанда молҳои мавриди ниёзи мардумро ворид намояд - то 1 сол ва агар таҷҳизот бошад - то 3 сол.
Аккредитивҳо барои ҳар як шартномаи инфиродӣ метавонанд то як миллион кушода шаванд