ДУШАНБЕ, 21июл — Sputnik. Раҳбарони Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар ҷаласаи чаҳоруми машваратии сарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ота Созишномаи дӯстӣ, ҳамсоядории нек ва ҳамкорӣ ба хотири рушди минтақаро имзо карданд.
Ин дар ҳолест, ки сарони Тоҷикистону Туркманистон пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ дар кишварҳояшон ин санадро ба имзо хоҳанд расонд.
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон имзои ин санадро таърихӣ номид.
"Боварӣ дорам, ки ин санади муҳим ба наздикшавии минбаъдаи кишварҳои мо, минтақаи мо ва муттаҳидсозии саъю кӯшишҳои муштарак дар роҳи бартараф кардани чолишҳо ва таҳдидҳои замони мо таъсири мусбат мерасонад. Ин як лаҳзаи таърихӣ аст ва умед дорам, ки созишнома заминаи боэътимоди шукуфоии муштарак дар Осиёи Марказӣ мегардад", - гуфт Ҷабборов.
Ҳамчунин раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷамъбасти мулоқоти машваратӣ изҳороти муштарак ва қарорро дар бораи тамдиди ваколатҳои президенти Бунёди наҷоти Арал, консепсияи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва барномаи минтақавӣ имзо карданд.
Бояд қайд кард, ки яке аз бандҳои муҳими ин шартнома дар он аст, кишварҳои Осиёи Марказӣ муваззаф ҳастанд масъалаҳои баҳсбарангезро дар чаҳорчӯби созишнома ва танҳо бо роҳи муколама ҳал кунанд.